11 ноябри соли 2025 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон Низомиддин Зоҳидӣ бо муовини вазири улум, таҳқиқот ва фанноварии Ҷумҳурии Исломии Эрон, Раиси созмони умури донишҷӯён Сайид Ҳабибо мулоқот анҷом дод.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои муҳимми ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар соҳаи таҳсилоти олӣ ва ҷудо намудани бурсияҳои таълимӣ аз ҷониби ду кишвар барои тарбияи мутахассисон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.