Мулоқот дар Созмони сармоягузорӣ, кӯмакҳои иқтисодӣ ва фаннии Эрон

01.10.2025 22:16

1 октябри соли 2025 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо мудири кулли Дафтари робитаҳои иқтисодии хориҷии Созмони сармоягузорӣ, кӯмакҳои иқтисодӣ ва фаннии Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҷиди Ранҷбардор мулоқот намуд.

Зимни вохӯрӣ масъалаҳои рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши  сармоягузориву тиҷорат, рафти иҷрои қарорҳои Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, техникӣ, илмӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Эрон ва иштирок ҳайати эронӣ дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе инвест - 2025» баррасӣ гардиданд.

 

 

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg