25 сентябри соли 2025 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон Низомиддин Зоҳидӣ бо ҳайати Анҷумани дӯстии Эрону Тоҷикистон бо роҳбарии Раиси Анҷуман Алиашрафи Шабистарӣ мулоқот намуд.
Зимни дидор, ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳои илмиву фарҳангии ду кишвар, ҳамчунин баргузории барномаҳои бузургдошти шахсиятҳои маъруфи Тоҷикистон, нишастҳои илмӣ, чопи китобҳо ва барномаи ҳамкории Сафорат бо Анҷуман барои соли 2026-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар фарҷом тафоҳумномаи ҳамкорӣ миёни Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Анҷумани дӯстии Эрону Тоҷикистон ба имзо расид, ки дар он самтҳои ҳамкорӣ мушаххас шудааст.
