21 сентябри соли 2025 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон Низомиддин Зоҳидӣ бо Сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Мудассир Типу мулоқот анҷом дод.
Дар вохӯрӣ, доир ба ҳамкориҳои Тоҷикистону Покистон дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Муассисаи фарҳангии Созмони ҳамкории иқтисодӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.
