17 сентябри соли 2025 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон Низомиддин Зоҳидӣ бо Котиби Шӯрои олии фазои маҷозӣ, Раиси Маркази миллии фазои маҷозии Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайидамини Оғомирӣ доир гардид.
Зимни мулоқот, ҷонибҳо доир ба ҳамкории ду кишвар дар бахши фазои маҷозӣ, рушди иқтисоди рақамӣ, таъмини амнияти иттилоотӣ дар фазои маҷозӣ, ҳамчунин роҳандозии лоиҳаи муштарак ҷиҳати тарғиби фарҳангу тамаддуни муштараки ду кишвар дар фазои маҷозӣ, мубодилаи афкор намуданд.
