​​​​​​​Шаби бузургдошти Фарзонаи Хуҷандӣ дар Теҳрон

12.09.2025 16:06

10 сентябри соли 2025 бо ибтикори сардабири маҷаллаҳои “Бухоро” ва “Самарқанд” Алии Деҳбошӣ дар фарҳангсарои Ниёварони шаҳри Теҳрон шаби бузургдошти Шоири ҳалқии Тоҷикистон Фарзонаи Хуҷандӣ баргузор гардид. Дар ҳамоиш намояндагони илму адабу фарҳанги Эрон ва алоқамандони адабиёти муосири тоҷик, аз ҷумла шоир ва донишманди барҷастаи эронӣ Шафеъии Кадканӣ ширкат доштанд.

Дар ҳамоиш Сафири Тоҷикистон Н.Зоҳидӣ ва донишмандони эронӣ саҳми Фарзонаро дар рушди адабиёти тоҷик, шуҳрати ашъори ӯ дар қаламрави адабиёти форсизабонон ва тақвияти равобити адабии Тоҷикистону Эрон таъкид карданд.

Дар суханронии худ Фарзона баргузор гардидани ин ҳамоишро самараи Истиқлоли Тоҷикистон, сиёсати маънавиятгарои Пешвои миллат ва маҳсули тақвияти ҳамкориҳои ду кишвари ҳамзабон номида, ашъори тозаэҷоди худро қироат намуд, ки мавриди истиқболи гарми аҳли нишаст қарор гирифт.  

Ҳамчунин дар ин ҳамоиш вожаномаи маҷаллаи “Самарқанд” рӯнамоӣ шуд, ки ба рӯзгору осори Шоири халқии Тоҷикистон Фарзонаи Хуҷандӣ бахшида шудааст.

 

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg