Баррасии ҳамкориҳои бародаршаҳрии Душанбе ва Теҳрон

07.06.2025 15:25

7 июни соли 2025 муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар ва ҳайати ҳамроҳ зимни сафари корӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон  бо муовини Раиси шаҳри Теҳрон Муҳаммадамин Таваккулзода мулоқот намуд.

Дар оғози мулоқот бо қаноатмандӣ таъкид гардид, ки ба шарофати иродаи сиёсии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раисҷумҳури Эрон муҳтарам Масъуди Пизишкиён ҳамкориҳои гуногунҷанба миёни ду кишвари дӯсту ҳамзабони Тоҷикистону Эрон рушду густариш меёбанд.

Зимни мулоқот масоили тавсеаи робитаҳои мутақобилан судманд байни пойтахтҳои ҳарду кишвар - шаҳрҳои Душанбе ва Теҳрон мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои роҳандозии  чорабиниҳои муштарак дар бахшҳои фарҳанг, сайёҳӣ ва варзиш зоҳир карда шуд.

Ҷонибҳо бо таъкид бар он ки соли ҷорӣ аз имзои Ёддошти тафоҳум доир ба роҳандозии муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Теҳрон 30 сол сипарӣ мешавад, омодагиашонро ба таҳкими беш аз пеши ҳамкориҳои бародаршаҳрӣ эълон карданд.

 

 

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg