Мулоқоту музокироти Тоҷикистону Эрон баргузор гардид

29.05.2025 14:47

Имрӯз ноиби аввали Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Ориф бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.

Дар  Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олиқадрро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.

Худи ҳамин рӯз дар доираи сафар мулоқоту музокироти Тоҷикистону Эрон бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва ноиби аввали Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Ориф дар сатҳи баланд баргузор гардид.

Музокирот бо мулоқоти хоссаи Қоҳир Расулзода ва Муҳаммадризо Ориф оғоз гардида, баъдан бо иштироки ҳайати васеъ идома ёфт.

Зимни музокирот маҷмуи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷонибҳо омодагии худро барои таҳкими минбаъдаи робитаҳо таъкид намуданд.

Сарвазири мамлакат тавсеаи ҳамкории дучонибаро ба сиёсати созандаи Сарони ҳар ду давлат марбут дониста, тавсеаи робитаҳоро дар соҳаҳои иқтисод, саноат, энергетика, сармоягузорӣ, тандурустӣ ва илму маориф барои ҳарду ҷониб муҳим арзёбӣ намуд.

Муҳаммадризо Ориф нақши Тоҷикистонро дар самти ҳалли мушкилоти обу иқлим дар олам намуна арзёбӣ карда, баргузории нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро барои пешгирии обшавии босуръати ин сарватҳои табиат ва беҳбудии ҳаёти башарият муҳиму саривақтӣ номид.

Истифодаи пурраи зарфиятҳои мавҷуда барои рушди робитаҳо, татбиқи ҳамаҷонибаи Барномаи дарозмуддати ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ то соли 2030, тақвияти фаъолияти Комиссияҳои байниҳукуматӣ, Шуро ва Кумитаи муштараки соҳибкорию сармоягузорӣ муҳим арзёбӣ карда шуд.

Дар идома Баёнияи муштарак байни Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва ноиби аввали Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Ориф ба имзо расид.

Дар фарҷом бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва ноиби аввали Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Ориф нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Ёдовар мешавем, ки дар доираи сафари расмӣ ноиби аввали Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Ориф 30 май дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо иштирок менамояд.

 

 

 

 

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg