Мулоқоти роҳбарони мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Эрон

28.05.2025 20:49

28 майи соли 2025, дар шаҳри Теҳрон, дар доираи ҷаласаи 10-уми Шӯрои роҳбарони мақомоти гумруки кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ (СҲИ), вохӯрӣ миёни сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники хадамоти гумрук Каримзода Хуршед Абдураҳмон ва сардори Маъмурияти гумруки Ҷумҳурии Исломии Эрон Ф.Асғарӣ баргузор гардид.

Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои мубрами рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи гумрукиро баррасӣ намуданд. Зимни гуфтугӯ, сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз пазироии гарму сатҳи баланди ташкили ҷаласа изҳори сипос намуда, нақши муҳими СҲИ-ро дар таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ, бахусус дар соҳаҳои гумрук, тиҷорат ва нақлиёт таъкид намуд.

Ҷонибҳо аҳамияти махсуси ҳамоҳангсозии маълумоти оморӣ, рақамикунонии расмиёти гумрукӣ ва мубориза бо қочоқро зикр карданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии худро ҷиҳати такмили Протокол дар бораи мубодилаи иттилооти гумрукӣ ва рушди ҳамкориҳои техникӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон баён намуд.

Ҷонибҳо изҳори итминон карданд, ки мулоқоти баргузоршуда ба таҳкими робитаҳои гумрукӣ ва рушди минбаъдаи муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ байни ду кишвар мусоидат хоҳад кард.

 

 

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg