28 майи соли 2025 дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷаласаи 10-уми Шӯрои роҳбарони мақомоти гумруки давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ (СҲИ) баргузор шуд.
Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин ҷаласа Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Хуршед Абдураҳмон роҳбарӣ намуд. Дар сухани ифтитоҳии худ ӯ ба зарурати рушди ҳамкориҳо ҷиҳати пешбурди фаъолияти гумрукӣ дар минтақаи СҲИ таъкид кард.
Зимни ҷаласа масъалаҳои мубрами соҳа, аз ҷумла рақамисозии минбаъдаи равандҳои гумрукӣ, такмили расмиёти транзитӣ, рушди низоми минтақавии мубодилаи маълумоти электронӣ (ММЭ), ва таҳкими ҳамкориҳои гумрукӣ миёни кишварҳои аъзо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар ҳошияи ҳамоиш котиботи СҲИ ҳуҷҷати муҳими стратегӣ — "Дурнамои СҲИ барои солҳои 2026–2035"-ро рӯнамоӣ намуд, ки ҳадафи он модернизатсия ва рақамикунонии фаъолияти гумрукӣ бо фарогирии ҳамаи 10 кишвари аъзо мебошад.
Ҳамзамон, дар самти таҳкими иқтидори кадрии мақомоти гумруки кишварҳои аъзо, таъкид гардид, ки ҳамкориҳо бо созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Умумиҷаҳонии Гумрук, Агентии Японии оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) ва дигар шарикони рушд бояд густариш ёбанд.
Дар поёни ҷаласа, иштирокчиён Эъломияи Теҳронро қабул намуданд, ки чаҳорчӯбаи стратегии рушди тиҷорати минтақавӣ, таҳкими ҳамкориҳои гумрукӣ ва пешбурди рақамисозии равандҳоро дар минтақаи СҲИ фаро мегирад.
Дар анҷом, Сардори Хадамот аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарият ва ҳайати кормандони Маъмурияти гумруки Ҷумҳурии Исломии Эрон барои баргузории сатҳи баланди ҷаласа изҳори сипос намуд.