13-14 май дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон иҷлосияи чоруми омбудсменҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ доир гардид, ки дар он Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода иштирок ва суханронӣ намуд.
14 май Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода дар мавзуи «Ҷанбаҳои муҳимми фаъолияти Омбудсмени Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон» сухан намуда, оид ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ибрози андеша намуд.
Умед Бобозода доир ба фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазифаҳои ин мақомот дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд маълумоти муфассал дода, гуфт, ки “мо бояд аз ҳарвақта бештар муттаҳид бошем ва усулу равишҳои нави ҳимояи ҳуқуқи инсонро пайдо намоем”.
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон зимни сафар ба шаҳри Теҳрон бо Раиси Маҷмаи омбудсменҳои кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ, Раиси Омбудсмени Туркия Мехмед Акарҷа, ноиби раиси Маҷмаи омбудсменҳои кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ, раиси Бозрасии кулли Ҷумҳурии Исломии Эрон доктор Забиҳуллоҳ Худоиён ва дигар шахсони воломақоми ин ниҳоди бонуфуз мулоқот намуд.
Густариши равобити ваколатдорони ҳуқуқи инсон байни кишварҳои исломӣ, ҳамкории байналмилалӣ дар роҳи адолат, сулҳ ва дифоъ аз ҳуқуқи инсон, табодули таҷриба, густариши ҳамкорӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз мавзуъҳои меҳварии вохӯриҳо буданд.