5-7 майи соли 2025 дар шаҳри Шероз ҷаласаи 17-уми Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, техникӣ, илмӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Эрон таҳти роҳбарии ҳамраисони Комиссия - Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Аббос Алиободӣ, вазири нерӯи Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор шуд.
Зимни ҷаласаи Комиссия масъалаҳои марбут ба вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳо миёни Тоҷикистону Эрон дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, саноат, сармоягузорӣ, нақлиёт, обу энергетика, илму фарҳанг, тандурустӣ ва сайёҳӣ баррасӣ шуд.
Аз натиҷаи кори ҷаласа Протокол ба имзо расид.