Гуфтугӯи тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба ва муаррифии фарҳанги Тоҷикистон дар шаҳри Қазвини Эрон

10.05.2025 16:52

9-10 майи соли 2025 дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Қазвини Эрон Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо роҳбарияти вилоят ва шаҳри Қазвин, ҳамчунин бо фаъолони иқтисодии вилояти мазкури Ҷумҳурии Исломии Эрон мулоқотҳои ҷудогона доир намуд.

Аз ҷумла дар мулоқот бо раиси вилояти Қазвин Маҳмуд Нӯзарӣ масъалаҳои марбут ба тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, сайёҳӣ ва фарҳангии дуҷониба мавриди баррасӣ  қарор гирифт.

Дар вохӯрӣ бо раиси шаҳри Қазвин Маҳдии Саббоғӣ масъалаи барқарории робитаҳои бародаршаҳрӣ миёни Қазвин ва яке аз шаҳрҳои Тоҷикистон матраҳ гардид.

Дар мулоқот бо раиси Утоқи (Палатаи) бозаргонӣ, саноат, маъдан ва кишоварзии  вилояти Қазвин Маҳдии Абдиён ва фаъолони иқтисодии вилоят муаррифии зарфият ва тавонмандиҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва сармоягузории Тоҷикистон сурат гирифта, ҷонибҳо алоқамандии худро барои тақвияти ҳамкориҳо дар самтҳои мазкур баён карданд. Ҷониби эронӣ алоқамандии худро барои баргузории намоишгоҳи молу колои Қазвин дар Тоҷикистон дар ояндаи наздик изҳор намуд.

Ҳайати Сафорати Тоҷикистон дар идомаи сафар ба шаҳри Қазвин дар барномаи "Панҷоҳбадар"-и ин шаҳр ширкат намуда, фарҳанги Тоҷикистонро муаррифӣ кард.

Дар ибтидои барнома Сафири Тоҷикистон роҷеъ ба муштаракоти фарҳангии ду кишвар, бавижа ҷашни Наврӯз ва ойинҳои дигари ниёкон, ки бо ибтикори Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари соҳибистиқлоли тоҷикон эҳё гардида ва бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад, сухан карда, аз таҳкими рӯзафзуни ҳамкориҳои гуногунсоҳаи Тоҷикистон ва Эрон изҳори ризоият намуд.

Сипас Шоирони халқии Тоҷикистон Фарзона ва Озарахш, ҳамчунин  шоирон ва адибони Қазвин шеърхонӣ карданд.

Дар идома Муҳаммад Нузарӣ – устондори (раиси вилояти) Қазвин ба зарфиятҳои иқтисодию сармоягузорӣ ва сайёҳии Қазвин ишора намуда, хоҳони ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар ин заминаҳо шуд.

Иҷрои барномаи мусиқӣ поёнбахши чорабинии мазкур буд.

Лозим ба зикр аст, ки ҷашни "Панҷоҳбадар " ҳар сол баъди 50 рӯзи Наврӯз ба нияти фаровонии борон таҷлил мешавад ва рамзи ҳамбастагии инсон бо табиат аст.

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg