Мулоқоти Сафир дар Маркази мутолиоти сиёсӣ ва байналмилалии Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон

20.04.2025 14:39

20 апрели соли 2025 мулоқоти Сафири Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо муовини вазири умури хориҷаи ҶИЭ, Раиси Маркази мутолиоти сиёсӣ ва байналмилалии Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Хатибзода баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҳамкории ниҳодҳои марбутаи ду кишвар, ҳамчунин баргузории давраҳои омӯзишӣ барои дипломатҳои ҷавон ва мутахассисони бахши бойгонӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштараки тадқиқотӣ дар самти сиёсати хориҷӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар мулоқот ҳамчунин оид ба масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо табодули назар сурат гирифт. 

22.,04.2025.15.50.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg