4 марти соли 2025 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо Вазири варзиш ва ҷавонони Ҷумҳурии Исломии Эрон Аҳмад Дунёмолӣ мулоқот намуд.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо барномаи ҳамкориҳои дуҷониба миёни Тоҷикистону Эрон дар самти кор бо ҷавонон ва варзишро барои солҳои 2025-2027 баррасӣ намуданд.
Ҳамчунин оид ба баргузории Форуми ҷавонони ду кишвар дар Тоҷикистон ва табодули ҳайатҳо ҷиҳати иштирок дар ҷорабиниҳои якдигар мубодилаи афкор сурат гирифт.
