Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон 9-уми январи соли 1992 барқарор шудаааст. Бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Теҳрон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон 18-уми июли соли 1995 ифтитоҳ гардидааст.
Бинои Сафорат дар Шимоли Кохи Ниёварони шаҳри Теҳрон, дар хиёбони Шаҳид Зайналӣ, кӯчаи 3-юм, № 10 ҷойгир мебошад.
Бояд гуфт, ки Сафорат дар партави дастуру супоришҳои Роҳбари давлат барои таҳкими робитаҳои мутақобили судманд дар тамоми арсаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак фаъолияти пайгиронаро идома медиҳад.
Сафирони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон:
Назиров Тошмат Раҷабович – Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон
дар Ҷумҳурии Исломии Эрон, 1996 – 2001;
Мирзоев Рамазон Зарифович – Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон
дар Ҷумҳурии Исломии Эрон, 2001 – 2010;
Давлаталӣ Ҳотамов - Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон
дар Ҷумҳурии Исломии Эрон, 2011 – 2014;
Эмомзода Неъматулло – Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон
дар Ҷумҳурии Исломии Эрон, 2014 – 2019.
Зоҳидӣ Низомиддин Шамсиддинзода - Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон
дар Ҷумҳурии Исломии Эрон, аз 2019 то кунун.