Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Эрон

03.04.2025 20:52

Комиссияи муштарки ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ, илмӣ ва фарҳангӣ

Дар таҳким ва тавсеаи робитаҳои гуногунҷанба миёни ду кишвар Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ, илмӣ ва фарҳангӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон нақши муҳим дорад. То ба имрӯз 16 нишасти Комиссияи мазкур дар қаламрави ҳамдигар баргузор шудааст.

Роҳбарии Комиссияи муштаракро аз ҷониби Тоҷикистон Вазири энергетика ва захираҳои об ва аз ҷониби Эрон Вазири нерӯ ба уҳда доранд.

Ба мақсади баррасии рафти иҷрои тавофуқоти ҳосилшуда аз натиҷаи ҷаласаҳои Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ, илмӣ ва фарҳангӣ тарафҳо Кумитаи пайгириро ташкил намуданд.  

Дар назар аст, ки дар семоҳаи дуюми соли 2025 ҷаласаи навбатии Комиссия муштарак дар Эрон баргузор шавад. 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg