17 марти соли 2022 бо ибтикори намояндагиҳои доимии кишварҳои ҳавзаи Наврӯз (Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, Озарбойҷон, Ироқ, Ҳиндустон, Покистон, Туркия, Туркманистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон) дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид оид ба маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) чорабинии бошукӯҳи идона бахшида ба Рӯзи байналмилалии Наврӯз доир гардид.
Дар оғози ҷамъомади идона, Мудири кулли ЮНЕСКО хонум Одрӣ Азуле суханронӣ намуда, кулли кишварҳои таҷлилкунандаи ҷашни Наврӯзро самимона табрику таҳният гуфт. Дар чорабинии мазкур Президенти Конфронси генералии ЮНЕСКО ҷаноби Сантияго Ирасабал Мурао, Муовини Мудири кулли ЮНЕСКО ҷаноби Син Тсюй, намояндагони Котибот ва сохторҳои мухталифи ЮНЕСКО, масъулони вазорату идораҳои Фаронса, сафирони дар назди Созмон аккредитатсияшуда ва намояндагони дигар ташкилотҳои байналмилалии муқими Фаронса, доираҳои илмӣ-фарҳангӣ, инчунин тоҷикони муқими Фаронса ва дӯстони Тоҷикистон ширкат варзиданд.
Барои меҳмонони чорабинии болозикр барномаи фарҳангӣ бо таронаву рақсҳои миллии бархе аз кишварҳои мизбон танзим гардид.
Сафорати Тоҷикистон дар Фаронса, Намояндагии доимии кишвар дар ЮНЕСКО зимни зиёфат мизи хешро бо таомҳои миллии тоҷикӣ ороста, ҳамзамон маводу аксҳои таблиғотӣ оид ба Тоҷикистонро ба манзури муаррифии бештари Ватани маҳбубамон ба маъраз гузошт.