14 майи соли 2025 дар шаҳри Рим Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Италия Ҷамолиддин Убайдулло дар мизи мудаввар зери унвони «Италия ва Осиёи Марказӣ», ки дар Вазорати корҳои хориҷӣ ва ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Италия (MAECI) баргузор гардид, ширкат варзид.
Чорабинии мазкур бо иштироки муовини вазири корҳои хориҷии Италия Эдмондо Чирелли, сафирони тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ, инчунин коршиносон, олимон ва мутахассисони соҳа баргузор гардида, ба таҳкими равобити сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ байни Италия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ бахшида шуда буд.
Сафир Ҷ.Убайдулло зимни суханронии худ оид ба самтҳои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Италия ва рушди минбаъдаи онҳо таъкид намуд.
Ҳамоиш барои баррасии роҳҳои нави ҳамкорӣ имконияти арзишманд фароҳам овард.