Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тақвият бахшидани ҳамкориҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ дар роҳи эҳё ва тарғиби ҷашну анъанаҳои бостонӣ, 12-13 апрели соли 2025 дар шаҳри Лион ҷашни Наврӯзи аҷамро таҷлил намуд.
Дар ҷашнгирии Наврӯзи бостонӣ кормандони Намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ЮНЕСКО ва шаҳрвандону ҳамватанони муқими кишвари иқомат фаъолона ширкат варзиданд.
Сафири Тоҷикистон зимни суханронии худ иштирокчиёнро бо Наврӯзи хуҷастапай табрику таҳният намуда, зикр кард, ки Ҳукумати кишвар дар самти ҳифзи арзишҳои миллӣ, таърихӣ, арҷгузорӣ ба ҷашну маросимҳои ниёгон, Наврӯзро сол то сол дар сатҳи баланд, бо як шукуҳу шаҳомати идона ҷашн мегирад ва ин ҷашни бостонии мардуми тамаддунофари мо аз соли 2010 инҷониб, ҳамчун ҷашни байналмилалӣ таҷлил гирифта мешавад.
Зимни баргузории ин чорабинӣ дастархони идона бо таомҳои миллӣ ороста шуда, чорабинии наврӯзӣ дар фазои фарҳбахши тоҷикона доир гардид.