26 марти соли 2025 дар Театри «Gymnase Marie Bell»-и Париж намоишномаи театрии ҳунармандони Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ таҳти унвони “Дивертисмент” баргузор гардид.
Чорабинии мазкур дар ҳамкории Театри давлатии опера ва балети ба номи С. Айнӣ бо ташкилоти “France UNESCO Art Culture” ва Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Фаронса танзим карда шуд.
Ҳунармандони тоҷик дар саҳнаи ин театри қадимии Париж бо намоиш додани шоҳкориҳои балети тоҷик «Шопенинаи бузург», «Дон Кихот», «Фаввораи Боғчасарой», «Илҳом аз Осиё» ва «Каприз Паганини» санъатаи балети тоҷикро пешкаши ҳаводорони асили балет гардониданд.
Меҳмонони чорабинӣ ба шарофати ин маҳфил бо санъату ҳунари муосири мардуми тоҷик ошноии бештар пайдо карданд.
Ёдрас менамоем, ки ин нахустин намоишномаи театрии ҳунармандони Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ дар Аврупо мебошад.