Ба диққати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Фаронса ва Ҷумҳурии Италия таҳсил, зиндагӣ ва кору фаъолият менамоянд, расонида мешавад, ки рӯзи 2 марти соли 2025 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.
Ба ин муносибат дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Париж 2 март аз соати 08:00 овоздиҳӣ ташкил хоҳад шуд. Аз ҳама шаҳрвандони кишвар, ки дар Фаронса ва Италия будубош менамоянд, даъват ба амал оварда мешавад, то дар ин маъракаи сиёсии ҷумҳурӣ иштироки фаъол намоянд. Доштани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият ҳатмист!
Макон: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш. Париж
Суроға: куч. Авеню Монтейн, бинои 42.
Телефон барои тамос: +33(0)170929342