6 феврали соли 2025 вохӯрии муовини вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиз Назар бо ваколатдори байниидоравии Фаронса оид ба маъданҳои стратегӣ ва металҳо Бенямин Галлезот доир гардид.
Зимни ин дидор перомуни имконоти ҳамкории Тоҷикистону Фаронса дар бахши саноати маъданҳои табиӣ ва металҳо табодули афкор сурат гирифта, ҷонибҳо роҳҳои ҳамкориҳои мушаxхасро дар ин соҳаҳо баррасӣ намуданд.
Мусоҳибон зарурати танзими иртиботи мустақим миёни коршиносони соҳаи геологияи ду кишварро ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафҳои муштараки ҷонибҳо муҳим донистанд.