6 феврали соли 2025 дар бинои Анҷумани соҳибкорони Фаронса (MEDEF) чорабинии муаррифии иқтидори бахшҳои саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва имконияти ҳамкории тиҷоративу сармоягузорӣ дар ин соҳаҳо танзим гардид.
Нишасти мазкур намояндагони Тоҷикистон ва масъулони давлативу хусусии кишвари иқомат, аз ҷумла роҳбарияти Анҷумани соҳибкорони Фаронса (MEDEF), масъулони Вазорати Аврупо ва корҳои хориҷии Фаронса ва як зумра ширкатҳои фаронсавӣ, аз қабили “AMG Antimony SICA”, “Assystem”, “CLEIA”, “Ginger Sofreco”, “Herbert Smith Freehills” ва дигарҳоро ба ҳам овард.
Дар ин ҳамоиш муовини вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиз Назар бобати иқтидору имконоти саноатҳои истихроҷи маъданҳои табиӣ, бофандагӣ, хӯрокворӣ, сохтмон, кишоварзӣ ва дорусозии кишвар батафсил суҳбат намуд.
Зимни нишаст табодули афкор миёни ширкатҳои фаронсавӣ ва ҳайати Тоҷикистон сурат гирифта, ҷонибҳо атрофи паҳлуҳои гуногуни имконоти соҳаҳои саноати Тоҷикистон, бахусус иқтидори маъданҳои табиӣ ва навъҳои маъданҳо ва роҳандозии ҳамкориҳои муштараки судманд ибрози назар карданд.
Ҳамчунин, дар ин чорабинӣ иқтидори энергетикии Тоҷикистон муаррифӣ шуда, иттилоъ бобати иқдомоти глобалии кишвар дар бахши муҳити зист ва об табодул гардид.