4-5 феврали соли 2025 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиз Назар дар ҷаласаи муштараки вохӯрии васеи “Дӯстони Авруосиё”-и Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (CҲИР) ва Гурӯҳи кории “GREEN” иштирок намуданд.
Дар чорабинӣ стратегияҳои ҳамгироии ташаббусҳои иқлим ба рақобатпазирии иқтисодии Шарикии Шарқӣ ва минтақаҳои Осиёи Марказӣ баррасӣ шуданд. Чорабинии мазкур намояндагони 34 кишвари ҷаҳон ва 10 созмони байналмилалии молиявӣ ва шарикони рушдёбанда, аз ҷумла БАТР, БИА, БОР, ФАО, ЮНИДО, Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупоро гирди ҳам овард.
Муовини вазир А.Назар бобати рушди устувори иқтидори технологӣ, саноатӣ ва ашёи хоми Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, аҳамият, имкониятҳои васеъ ва омодагии кишварро барои иштироки фаъолона дар лоиҳаҳои байналмилалие, ки аз ҷониби СҲИР дастгирӣ мешаванду ба ояндаи устувор, шукуфоии иқтисодӣ ва нақши калидӣ доштан дар лоиҳаҳои глобалии декарбонизатсияи энергия мусоидат менамоянд, таъкид намуд.
Иштирокдорони нишасти мазкур ҷиҳати ширкат дар Форуми байналмилалии заргарӣ таҳти унвони «Дар саргаҳи хазинаи Амударё» (24-26 март) ва Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо (29 май – 1 июн) дар соли равон дар шаҳри Душанбе даъват карда шуданд.
Дар ҳошияи ҷаласа вохӯрии ҳайати Тоҷикистон бо намояндагони СҲИР зери роҳбарии Вилям Томпсон, сардори шуъбаи Авруосиёии Котиботи ҷаҳонии равобити байналмилалӣ баргузор шуда, зимни он масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистону СҲИР баррасӣ гардиданд.