Ворид гаштани "Ҷашни Меҳргон" ва “Санъати сохту навохтани рубоб” ба Феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО

04.12.2024 11:14

4 декабри соли 2024 дар шаҳри Асунсиони Ҷумҳурии Парагвай иҷлоси 19-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО идома дорад. Чорабинии мазкур то 7 декабри соли 2024 идома ёфта, дар он намояндагони кишварҳои узви Конвенсия оид ба ҳифзи ёдгориҳои мероси фарҳангии ғайримоддӣ иштирок доранд. 

Зимни ҷаласа номинаи муштараки Тоҷикистону Эрон “Ҷашни Меҳргон” ва ҳамчунин номинаи дигари муштараки Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон ва Ӯзбекистон “Санъати сохту навохтани рубоб” ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ворид карда шуд. Эътирофи ин унсур аҳамияти фарҳангии санъати мусиқии суннатии чор кишварро таъкид мекунад.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg