29 майи соли 2024 дар ҳошияи нишасти сеюми вазирони корҳои хориҷии “Осиёи Марказӣ - Италия” дар шаҳри Рим вохӯрии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо роҳбарони зиёда аз 30 ширкати бонуфузи итолиёвӣ, аз ҷумла Ansaldio Energia, IVECO Group, MERMEC, SAIPEM, SACE ва дигарон сурат гирифт.
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Муҳриддин зимни чорабинӣ имкониятҳои сармоягузорӣ ва зарфиятҳои иқтисодии кишварро дар соҳаҳои обу энергетика, саноат, захираҳои табиӣ, сайёҳӣ ва ғайра муаррифӣ намуд.