“Тазҳиб – санъати зарҳалкорӣ” ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ворид карда шуд

06.12.2023 06:30

4 декабри 2023 дар Касане, Ҷумҳурии Ботсвана иҷлоси 18-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО ба кори худ шуруъ намуд. Чорабинии мазкур то 9 декабри соли 2023 идома ёфта, намояндагони кишварҳои узви Конвенсия оид ба ҳифзи ёдгориҳои мероси фарҳангии ғайримоддӣ иштирок доранд. 

Имрӯз, 6 декабр номинаи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷумҳурии Узбекистон ва Ҷумҳурии Туркия “Тазҳиб – санъати зарҳалкорӣ” ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ворид карда шуд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg