“Анъанаи бофтани Атласу – адрас” ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарияти ЮНЕСКО ворид гардид

06.12.2023 00:55

4 декабри соли 2023 дар Касане, Ҷумҳурии Ботсвана иҷлоси 18-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО ба кори худ шуруъ намуд. Чорабинии мазкур то 9 декабри соли 2023 идома ёфта, намояндагони кишварҳои узви Конвенсия оид ба ҳифзи ёдгориҳои мероси фарҳангии ғайримоддӣ иштирок доранд.  

5 декабр зимни иҷлос номинаи мустақими Тоҷикистон “Анъанаи бофтани Атласу – адрас” мавриди баррасӣ қарор гирифта ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ворид гардид.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg