13 сентябри соли 2024 дар ҳошияи Анҷумани 31-уми иқтисодӣ- муҳитизистии САҲА дар шаҳри Прага мулоқоти муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Насредин бо Намояндаи доимии Фаронса дар назди САҲА хонум Фатен Бенабиле-Фое баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаи рушди ҳамкориҳоро дар чаҳорчӯби САҲА, алалхусус андешидани чораҳои муштарак дар самти мубориза бар зидди тағйирёбии иқлим муҳокима намуданд.