Ҷаласаи корӣ бо сафирони Тоҷикистон

20.12.2024 14:13

20 декабри соли 2024 мулоқоти кории маҷозии муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ Исматулло Насредин ва муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмон Абдураҳмонзода бо роҳбарони намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа баргузор гардид.

Зимни нишаст ҷонибҳо доир ба натиҷаҳои рушди бахшҳои иқтисодиёти шаҳри Душанбе дар соли 2024, имкониятҳои сармоягузорӣ ва сайёҳӣ ва роҳҳои вусъат бахшидан ба раванди роҳандозии ҳамкории зичу мутақобилан судманд бо доираҳои ҳавасманд, мубодилаи афкор намуданд.

Иштирокдорони чорабинӣ зарурати гирифтани иқдомҳои мушаххаси муштаракро дар соли 2025 таъкид карда, нақшаҳоро дар ин самт муҳокима намуданд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg