1 декабри соли 2023 дар шаҳри Скопйеи Македонияи Шимолӣ дар ҳошияи иҷлоси 30-юми Шурои вазирони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ бо мудири Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқҳои инсон (ДНДҲИ) Маттео Мекаччи мулоқот намуд.
Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба самтҳои асосии ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон бо ДНДҲИ, аз ҷумла мусоидати ниҳоди мазкури САҲА дар татбиқи уҳдадориҳои кишвар дар чаҳорчӯби ченаки инсонии созмон мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan