8 декабри соли 2022 дар шаҳри Париж вохӯрии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири Аврупо ва корҳои хориҷии Ҷумҳурии Фаронса хонум Катрин Колонна баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои мутақобилан судманди дуҷониба ва бисёрҷониба баррасӣ гардиданд.
Ҷонибҳо аз натиҷаҳои боздиди расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Фаронса дар моҳи октябри соли 2021 ва муколамаи сатҳи олии дар доираи он анҷомёфта изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии хешро ба манзури татбиқи зарфиятҳои иловагии таҳкиму ғанисозии равобити ҳарду кишвар таъкид доштанд.
Инчунин зимни мулоқот масъалаҳое, ки дар рафти гуфтугӯи телефонии роҳбарони ду кишвар дар моҳи ноябри соли ҷорӣ муҳокима карда буданд, баррасӣ шуда, дигар масоили дуҷанибаю минтақавии мавриди эҳтимоми тарафайн, хусусан вазъ дар Афғонистон ва таҳкими сарҳад, матраҳ гардиданд.