Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса 3 марти соли 1992 барқарор шуданд. Аз соли 2001 то соли 2013, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Брюссел, ҳамзамон Намояндагии доимӣ дар Иттиҳоди Аврупо, дар як вақт масъалаҳои пешбурди муносиботи Тоҷикистону Фаронсаро мавриди пӯшиш қарор медод. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Париж соли 2013 ифтитоҳ ёфта, ҷиҳати беҳтарсозӣ ва таҳкими минбаъдаи муносибатҳои мутақобилан судманди шарикии боэътимод байни Тоҷикистон ва Фаронса фаъолиятро идома дод.
Сафорат дар ошёнаи якуми бинои замонавии маркази идоравӣ (таҳти мудирияти агентии Mitwit) дар хиёбони 60 Av. Charles de Gaulle, 92200 Neuilly-sur-Seine ҷойгир аст.
Ҳайати кормандони Сафорат таҳти роҳбарии Сафири Фавқулода ва Мухтор муҳтарам Ҷамолиддин Убайдулло барои ҳимояву пешбурди манфиатҳои Тоҷикистон ва тақвияти муносибатҳои дуҷониба бо Фаронса ва Италия дар соҳаҳои гуногун талош меварзад.
Агар саволе дошта бошед, лутфан ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Фаронса (Neuilly-sur-Seine) муроҷиат намоед.