Миёни Тоҷикистону Фаронса шурӯъ аз декабри соли 2016 абзори машваратҳои сиёсии байниидоравӣ ба роҳ монда шудааст. 12 январи соли 2021 даври чоруми машваратҳои сиёсӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати умури Аврупо ва корҳои хориҷии Ҷумҳурии Фаронса дар шакли маҷозӣ баргузор гардид. Дар нишаст маҷмуи масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Фаронса дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, муҳити зист, тандурустӣ, маориф, фарҳанг, сайёҳӣ, обу энергетика ва мубориза бо ифротгароӣ ва терроризм мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Табодули афкори судманд дар атрофи мавзӯоти мубориза бо COVID-19, таҳдиду чолишҳои муосир, тақвияти муносибатҳо дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва ҳамкориҳои минтақавӣ сурат гирифт.