25 декабри соли 2021 дар бинои Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирски Федератсияи Россия вохӯрӣ бо курсантҳои тоҷик, ки дар Омӯзишгоҳи олии ҳарбии фармондеҳии Новосибирск таҳсил менамоянд, баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ Консули генералӣ курсантҳои тоҷикро бо Соли нави мелодӣ табрик гуфта, дар бораи дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ, ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатӣ, нақши афзояндаи кишвар дар арсаи байналмилалӣ, ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон, ҳадафҳои стратегии кишвар итилои муфассал дод. Ҳамчунин зимни баргузории вохӯрӣ, ки дар кори он фаъолни ҷамъиятҳои тоҷикон иштирок доштанд оид ба Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, амали намудани дастуру ҳидоятҳо, ки дар паём ироа гардидаанд, суҳбати судманд баргузор гардида, мавқеъи хоса доштани сиёсати давлатӣ дар таълиму тарбия ва пешрафти ҷавонон, ҳиссаи арзандаи онҳо дар рушди имрӯза ва ояндаи ҷумҳурӣ зикр карда шуд.
Сипас оид ба раванди таълим, шароити будубоши курсантҳои тоҷик табодули афкор сурат гирифт.
Дар фарҷоми вохӯрӣ Консули генералӣ аз иштирокдорон дархост намуд, то дар фаъолияти ҳамарӯзаи хеш дастуру супоришҳое, ки зимни Паёми Пешвои миллат садо доданд, амал намуда, тамоми талошҳои худро баҳри татбиқи онҳо равона созанд.