Тамошои дастаҷамъонаи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ

21.12.2021 16:52

21 декабри соли 2021 дар бинои Консулгарии генралии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирски Федератсияи Россия тамошои пахши мустақими телевизионии Паёми солонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур кормандони Консулгарӣ, намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск, аъзоёни ташкилоту ҷамъиятҳои тоҷикон, донишҷӯён ва фаъолони ҷамъиятӣ ширкат варзиданд.

Дар фаҷоми тамошои Паём, Консули генералии Ҷуҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск Давлатхоҷа Ятим бо иштирокдорон мулоқот анҷом дода, аз онҳо дархсот ба амал овард, ки дар фаъолияти ҳамарӯзаи хеш дастуру супоришҳое, ки зимни Паёми Пешвои миллат садо доданд, амал намуда, тамоми талошҳои худро баҳри татбиқи онҳо равона созанд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg