Консулгарии генералӣ бо арзи эҳтиром ба маълумот мерасонад, ки дар ҳошияи ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 то 26 августи соли ҷорӣ дар Маркази фарҳангию истироҳатии “Победа”- и шаҳри Новосибирск (кӯчаи Ленин, бинои 7) баргузории Фестивали филмҳои тоҷик ба нақша гирифта шудааст.
Дар намоиши филмҳои – “Ман бо духтаре вохӯрдам, “Қисмати шоир”, “Гулдухтарони Суғдиён” ва “Оинаи беҷило”, ки рӯзи 23 августи соли 2021, соати 18:00 дар толори калон ва рӯзҳои 24, 25 ва 26 августи соли 2021, соати 19:00 дар толори №4-ми Маркази фарҳангию истироҳатии “Победа” баргузор мегардад, бо ҳамроҳи аъзои оила, хешу табор ва ёру рафиқон худ, дидан намоед.