10 июни соли ҷорӣ, дар рафти сафари кории Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш. Новосибирск Давлатхоҷа Ятим ба шаҳри Барнаул мулоқот бо Губернатори кишвари Алтай Томенко Виктор Петрович, баргузор гардид.
Дар рафти мулоқот, ҳолати ҳамкориҳои минтақавӣ ва тақвими онҳо дар оянда, рафти иҷрои созишнома ва меморандум байни вилоятҳои Суғд ва Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон, тақвими муносибатҳо, қонунигардонии будубоши шаҳрвандон Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави кишвари Алтай кору фаъолият доранд, мушкилот ва баргаштани муҳоҷирони меҳнатӣ мавриди суҳбат қарор гирифт.
Ҳамчунин, дар рафти мулоқот масъалаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар донишгоҳҳои шаҳри Барнаул таҳсил менамоянд, муҳокима карда шуд.