9 июни соли 2021, дар ҳошияи сафари корӣ ба ш. Барнаули кишвари Алтай Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирски Федератсияи Россия Давлатхоҷа Ятим бо роҳбари Намояндагии минтақавии Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия дар кишвари Алтай Еремейкин Лев Сергеевич ва Сардори Раёсат оид ба масъалаҳои муҳоҷирати Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дар кишвари Алтай Самойлов Андрей Владимирович, мулоқот анҷом дод.
Дар рафти вохӯрӣ, масъалаҳои тақвими муносибатҳо, будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави кишвари Алтай кору фаъолият доранд, мушкилот ва баргаштани муҳоҷирони меҳнатӣ мавриди суҳбат қарор гирифт.