Мулоқоти Консули генералӣ бо Муовини аввали Раиси ш. Новосибирски Федератсияи Россия

20.11.2019 12:26

20 ноябри соли 2019 вохӯрии Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирски Федератсияи Россия Шамсиддин Зардӣ бо Муовини аввали Раиси ш. Новосибирск Захаров Г.П. ва Намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия дар ш. Новосибирск Афонасов Н.А. баргузор гардид.

Дар рафти мулоқот, ҷонибҳо муносибатҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои гуногун баррасӣ намуданд. Инчунин, масъалаи ҳамкориҳо байни шаҳри Душанбе ва шаҳри Новосибирск мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҳамзамон, ҷонибҳои омодагии худро ҷиҳати ба имзо расонидани Созишнома оид ба ҳамкорӣ миёни шаҳри Душанбе ва шаҳри Новосибирск таъкид намуданд.

Сӯҳбат дар фазои самимию созанда ба анҷом расид.

2222.jpg

333.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg