Мулоқоти консули генералӣ бо роҳбарияти вилояти Омск

13.02.2026 16:32

11 феврали соли 2026 дар шаҳри Омск вохӯрии консули генералӣ З.Исмоилзода бо муовини губернатори вилояти Омск, намояндаи вилояти Омск дар назди Ҳукумати Федератсияи Россия А.Шпиленко доир шуд.  Ҷонибҳо таҳкими ҳамкориҳои минтақавиро баррасӣ карда, баимзорасонии Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратиро миёни вилоятҳои Суғд ва Омск муҳим арзёбӣ намуданд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg