9 феврали соли 2026 дар шаҳри Омск вохӯрии консули генералӣ З.Исмоилзода бо роҳбари намояндагии минтақавии Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия дар шаҳри Омск Е. Генова ва сардори Раёсати муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дар вилояти Омск К. Емелянов баргузор гардид. Дар рафти мулоқот дурнамои рушди ҳамкориҳо, масоили марбут ба вазъи кунунӣ ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
