20 сентябри соли 2025 бо ташаббуси консулгарии генералӣ ва мусоидати Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Китобхонаи марказии илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба номи Индира Гандӣ дар назди муассисаи консулӣ гӯшаи забон ва адабиёти тоҷик ифтитоҳ гардид.
Гӯша бо зиёда аз 900 адад китобҳои тозанашр, аз ҷумла китобҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, шоирону нависандагони классику муосир ва дигар китобҳо бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ таъмин гардидааст.