17 сентябри соли 2025 консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск Имомзода Наҷмиддин сафари корӣ ба шаҳри Бердск анҷом дод.
Дар рафти сафар консули генералӣ бо раиси шаҳри Бердск Лапитский Семен Юревич вохӯрӣ намуда, ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо миёни минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳри Бердск табодули афкор карданд.
Ҳамзамон 17 сентябр консули генералӣ дар чорабинӣ ба муносибати бо муваффақият ба анҷом расидани экпедитсияи тобистонаи байналмилалии ҳарбӣ-таърихӣ таҳти унфони “Фронти ғарбӣ. Самти Варшава”, ки дар он гурӯҳи ҷустуҷӯии коллеҷи политехникии Бердск “Кондор-Vега” иштирок дошт, ҳамчун меҳмони фахрӣ ширкат намуд.
Зимнан консули генералӣ бо донишҷӯёни коллеҷи тиббии Бердск вохӯрӣ анҷом дода, раванди таълим, шароити зист ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳи ҷавонони тоҷик баррасӣ гардиданд.