10 сентябри соли 2025 дар тарабхонаи “Paris”-и меҳмонхонаи “Double Tree by Hilton”-и шаҳри Новосибирск чорабинии тантанавӣ бахшида ба таҷлили 34-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар чорабинии тантанавӣ намояндагони воломақоми Ҳукумати вилоят ва шаҳри Новосибирск, роҳбарияти намояндагии Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия, намояндагиҳои дипломатии шаҳри иқомат, донишҷӯён ва ҳамватанони бурунмарзӣ иштирок намуданд.
Ба ҳозирин намоиши либосҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ, имкониятҳои сайёҳӣ, маконҳои таърихӣ, мавзеъҳои табиию табобатии Тоҷикистон тариқи видеороликҳо муаррифӣ гардиданд.