27 августи соли ҷорӣ дар ш. Новосибирск XII-умин Форуми байналмилалии рушди технологии “Технопром-2025” оғоз гардид, ки дар кори он консули генералӣ Н. Имомзода бо даъвати губернатори вилояти Новосибирск А. Травников иштирок намуд.
Дар ҳошияи форуми мазкур вохӯрии губернатори вилоят ӣо ҳайатҳои хориҷӣ сурат гирифта, вусъат бахшидани ҳамкориҳои байналмилалии иқтисодӣ, саноатӣ ва сармоягузорӣ баррасӣ гардиданд.
Зимнан ҷаласаи пленарӣ доир шуда, дар он Н. Имомзода дар мавзуи муносибати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамгироии соҳаи илму техника дар доираи кишварҳои ИДМ сунронӣ кард.