Вохӯрии cафири Тоҷикистон бо ҳокими шаҳри Остона

09.07.2025 11:00

8 июли соли 2025 вохӯрии сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон Хайрулло Ибодзода бо ҳокими шаҳри Остона Женис Касимбек баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо рушду тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла дар бахшҳои иқтисодӣ, энергетика ва рушди муносибатҳои байниминтақавиро муҳокима намуданд.

Инчунин масъалаҳои марбут ба рафти сохтмони бинои нави Сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Остона, инчунин омодагӣ ва баргузории Намоишгоҳи молу маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатии Тоҷикистон дар пойтахти Қазоқистон баррасӣ гардиданд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбукwww.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ)www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграмt.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграмinstagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg