28 июни соли 2025 дар Донишкадаи олии ҳарбии фармондеҳии Новосибирск ба номи Жуков чорабинӣ бахшида ба хатми донишҷӯён, аз ҷумла хатмкунандагон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар кори он консули генералӣ иштирок намуд.
Дар ҳошияи чорабинӣ, вохӯрии консули генералӣ бо роҳбари Донишкадаи ҳарбӣ Титов Роман Борисович доир шуд.
Ҷонибҳо ҷиҳати вусъат бахшидани ҳамкориҳо дар соҳаи тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси ҳарбиро баррасӣ намуданд.