Намоиш ва Конфронси байналмилалии илмӣ ба муносибати бузургдошти Ҳофизи Шерозӣ зери унвони “700 сол бо Ҳофиз” дар ЮНЕСКО

11.06.2025 20:26

 

11 июни соли 2025 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили маориф, илм ва фарҳанг дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Париж намоиш ва Конфронси байналмилалии илмӣ бахшида ба бузургдошти 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ зери унвони «700 сол бо Ҳофиз» баргузор кард.

Дар чорабиниҳо намояндагони сатҳи баланди ЮНЕСКО, ҳайатҳои илмӣ ва фарҳангӣ аз кишварҳои мухталиф ва олимону муҳаққиқони байналмилалӣ иштирок намуданд. Зимни суханрониҳо ҷойгоҳи Ҳофиз ҳамчун нобиғаи суханвар, муҳаррики муколамаи тамаддунҳо ва пайвандгари арзишҳои умумибашарӣ таъкид гардид.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбукwww.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ)www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграмt.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграмinstagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg